Дар бораи харита

Харитаи кишоварзии Агроинформ.Тҷ - map.agroinform.asia - низоми иттилоотии ҷуғрофӣ мебошад, ки асосан барои пур кардани баъзе холигии муҳим барои таҳлил, марбут ба нишондиҳандаҳои иқтисодии кишоварзӣ, таназзули замин, бехатарии озуқаворӣ, таҳқиқот дар бораи системаҳои кишоварзӣ, пасмондаҳои ғизоӣ ва таъсири тағирёбии иқлим эҷод шудааст.

Харитаи кишоварзӣ барои ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, таҳлил ва пешниҳоди маълумот дар бораи маҳсулотҳои растанипарварӣ, майдонҳои кишт, ҳосилнокии зироатҳо, нишондиҳандаҳои ҳосилнокии замин, инчунин корхонаҳои кишоварзӣ ва роҳҳои алоқа барои содирот ва воридот пешбинӣ шудааст.

Тасмим гирифта мешавад , ки ин маълумоти муфид барои тавсифи истеҳсолоти кишоварзӣ зина ба зина ба манбаи маълумоти харита ворид карда мешавад.

Бо табдил додани миқдори зиёди маълумоти ибтидоӣ ба вебсафҳаи қобили эътимодбахши интерактивӣ ва шакли мобилӣ, харитаи кишоварзии Agroinform.Tҷ ба корбарон оид ба қарор дар бораи истеҳсол, таҳвил, фурӯш ва содироти маҳсулоти мушаххас маълумот медиҳад.Система иттилоотро дар шакли ҷадвалҳо, графикҳо ва харитаҳо дар бар мегирад ва инчунин ба шумо имкон медиҳад, ки аз рӯи зироатҳо ва минтақаҳо дархостҳо тартиб диҳед.